- либос
- [لباس]а. пӯшок, пӯшиданӣ, танпӯш, он чи ба тан мепӯшанд: либоси арӯсӣ (домодӣ), либоси варзишӣ, либоси занона (бачагона), либоси дарида, либоси мотам, либоси нав, либоси пахтадор, либоси сабук, либоси сиёҳ, либоси низомӣ, либос дӯхтан, либос пӯшидан, либос кашидан, либос шустан, тағйири либос кардан, ба таври истиора: либоси ғам пӯшидан, либоси идона пӯшидан, либоси сабзро ба бар кардани саҳро, либоси сиёсӣ пӯшонидан ба гапи касе, дар либоси сухан ифода ёфтани фикре; либоси атлас куртаю лозимии аз матои атлас дӯхташуда; либоси корӣ либосе, ки дар вақти кор мепӯшанд; либоси расмӣ либоси аз ҷиҳати дӯхт ва ранг якхела (-и ҳарбиён, кормандони мақомоти қудратӣ, талабаю донишҷӯёни баъзе таълимгоҳҳо); либоси рӯ либосе, ки аз болои либосҳои дигар мепӯшанд (аз қабили ҷома, палто, боронӣ); либоси таг он чи дар зери куртаю шалвор, яъне ба рӯи бадан мепӯшанд, тагпӯш; либоси хонагӣ поҷомаву хилъат ва дигар либос, ки хоси дар хона пӯшидан аст◊ ба либоси касе кайк даромадан ниг. пӯстин (ба пӯстини касе кайк даромадан); одаму либос, хонаву палос (зарб.) одамро либос ва хонаро палос зинат дода, назаррабо мегардонад, зеби одам либос бошад, зеби хона палос аст
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.